Соли 2025-соли "Ҳифзи пиряхҳо"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ  ОИД БА ҚАБУЛИ ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2025 ҲАМЧУН "СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО”

Ҷиҳати эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилоот Олимов Иброҳим ва Мудири шуъбаи ҷавонон Султонов Алишер дар якҷоягӣ бо волонтиёронӣ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ имрӯз дар маркази ноҳияи Дӯстӣ Аксияи ҳизби бо тақсим намудани варақаҳои иттилоотӣ дар байни шаҳрвандон гузаронида шуд.
Мавриди ёдоварист, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудааст.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар замони ҳозира яке аз воситаи тарбияи одамон, аз ҷумла ҷавонону наврасон ин баланд бардоштани маърифати экологии онҳо мебошад, ки аз оила, боғчаи кӯдакон, мактаб, воситаҳои ахбори умум ва ғайра маншаъ мегирад.
Бинобар ин ҳар яки моро имрӯз зарураст, ки баҳри арҷ гузоштан ба дастовардҳои беназири давлатдориамон чун пайравони асили Пешвои миллат ба халқу ватанамон хизматҳои шоиста намоем.