Идомаи маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Дӯстӣ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 20 декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии шаҳраки "20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ноҳияи Дӯстӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.  Дар ин чорабинӣ фаъолон ва аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сокинони Ҷамоати мазкур дастаҷамъона ба ҳашари ниҳолшинонӣ баромада зиёда аз 150 адад ниҳолҳои арча ва сояафкан дар якҷоягӣ  бо дастуру маслиҳатҳои кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия шинониданд.