Хоинони миллат аз душманони давлат ҳам бадтаранд!

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастовардҳои бузургеро, ки то имрӯз миллати тоҷик бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дар партави роҳбарии хирадмандонаи Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидааст, ҳеҷ шахси солимфикр инкор карда наметавонад. Имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол  талош доранд, ки дар устуворӣ ва таҳкими истиқлолияту ваҳдат ҳарчи бештар саҳми худро гузоранд. Аммо баъзе нохалафон чунин пешравӣ ва шукуфоии давлати азизамонро дида наметавонанд ва кӯшиш доранд, ки онро халалдор созанд. Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли 31 сол хело зиёданд, ки ин пешравию шукуфоии Ватанро бархе аз бадхоҳони миллат, хоинону ватанфурӯшон ва душманони хориҷии миллату давлати Тоҷикистон ва хоҷагони бурунмарзӣ дидан намехоҳанд.

Феълан, як гурӯҳ хоинони миллат  дар хориҷа бо роҳбарии хоҷагони зархариди худ, ки аз даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз намехостанд  ва   намехоҳанд, Тоҷикистони биҳиштосо рӯ ба беҳбудӣ ораду мардумаш оромона зиндагӣ ба сар баранд. Имрӯз низ аз нияти касифи худ нагаштаанд. Гурӯҳҳои террористиву экстремистии ҲНИТ ва дигар ташкилотҳои мамнуъро мақсадашон ноором кардани Ватани азизамон мебошад. Мақсади дигари роҳбарони ин созмонҳо дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад.  Аз ин амали онҳо маълум мешавад, ки ин гурӯҳу гурӯҳчаҳо барои ба даст овардани сарвату маблағи муфт тайёранд, миллату давлати худро ба  маблағи ҳаром фурӯшанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҷомеаи муосир дар радифи бисёр дастовардҳо, такмили қонуниятҳои давлатсозию давлатдорӣ бисёр муаммову таҳдидҳо ҷой доранд, ки ин омилҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.  Яке аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ ба сулҳу амнияти ҳуқуқбунёди Тоҷикистони азизи мо терроризм, радикализм ва экстремизм мебошад. Ташкилоти экстремистию террористии собиқ ҲНИТ ҷуз ташкилотҳои террористӣ дигар чизе нест.     
Бинобар ҳамин, моро  лозим аст, ки сирати зишту нопоки саркардагони ин созмони фитнаангезро ҳарчи амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз  макру дасисаҳои навбатии душманони  миллат  огоҳ созем.

Хоҷаев Рустамбек, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ