Аёдати сарбозон дар арафаи Иди соли нав

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии моддӣ ва маънавии афсарону сарбозоне, ки ба ҳифзу ҳимояи Модар-Ватан машғулан, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ба қисми низомии сарҳадии ноҳияи Дӯстӣ, кумаки яквақтаи моддӣ расонида шуд.
Ин ташаббус аввалину охирин набуда, дар оянда низ аз қисми низомии мазкур хабардор гардида, маводҳои озуқаворӣ расонида мешавад.
Инчунин дар арафаи Иди соли нав аз ҷониби соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ ба аёдати сарбозон рафта ба онҳо маводҳои зарӯрӣ расонида мешавад.