Иштироки вакилон дар "Соати сиёсӣ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади амалӣ гардонидани Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони "Соати сиёсӣ" рӯзи 26.11.2022, аз ҷониби вакилони ҳизбӣ ва як қатор фаъолону собиқадорони меҳнат дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ ба ҷавонон ва хонандагони синфҳои 10-11, Соати сиёсӣ баргузор карда шуд.

Ҳадаф аз баргузор намудани Соати сиёсӣ, ин бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ дар замири ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ҳарбию меҳансолорӣ ва огоҳ намудани онҳо аз хавфу хатарҳои имрӯзаи ҷаҳон мебошад.
Чунин чорабинӣ дар МТМУ-3, бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор Умед ва устодони ҳамин муассиса баргузор карда шуд.