БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТИ ДЕҲАИ МОҲПОРА

Данғара:  

Бо иштироки Каримзода Пирмуҳаммад Авғон Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара рӯзи 30 июни  соли 2022,  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Моҳпора” – и ноҳияи Данғара маҷлиси ҳисоботи - интихоботӣ баргузор гардид. Зимнан раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Моҳпора” аз натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда ҳисобот дода, масъулин ва аъзоёни ташкилот фаъолитяти ташкилотро дар давраи ҳисоботӣ  қаноатбахш арзёби намуданд. 

Дар идома  тибқи тартиби муайяншуда бо тарафдории  аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии мазкур Ҳайдаров М аз сари нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Моҳпора” интихоб гардида қарор қабул карда шуд. Дар ҷамъбасти кори маҷилиси ҳисоботӣ-интихоботӣ нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022, тасдиқ гардида, вакил бо Конференсияи ноҳиявии ҳизбӣ интихоб гардид.