МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТИ "ДЕҲАИ ХУШОБАК"

Данғара:  

Бо иштироки Каримзода Пирмуҳаммад Авғон Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара санаи 30 июни  соли 2022,  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Хушобак” – и ҷамоати деҳоти Пушинг маҷлиси ҳисоботи - интихоботӣ доир гардид. Дар оғози маҷлис ҳисоботи  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Хушобак” Хайруллоев Саъдулло аз натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дода, қайд кард, ки ташкилот дар давраи соли ҳисоботӣ 7 – нафар аъзои содиқ ба ҲХДТ қабул намудааст, ки аз ин шумора 4 – нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аъзоёни ташкитолти ибтидоии номбурда дар ободонии деҳа пайваста саҳмгузорӣ намуда, дар ташабуссҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок менамоянд. Дар идома  тибқи тартиби муайяншуда бо тарафдории  аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии мазкур Хайруллоев Саъдулло аз сари нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Хушобак” интихоб гардида қарор қабул карда шуд.  Дар ҷамъбасти корӣ маҷилиси ҳисоботӣ-интихоботӣ нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022, тасдиқ гардида, Хайруллоев Саъдулло вакил бо Конференсияи ноҳиявии ҳизбӣ интихоб гардид.