МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ДЕҲАИ ЧОРСАДА - 1

Данғара:  

Санаи 30.06.2022, дар ташкилоти ибтидоии деҳаи Чорсада - 1 маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ  гузаронида шуд. Сараввал, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи “Чорсада - 1” Баротова Меҳрӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд. 

Гуфта шуд, ки саҳми аъзои ташкилоти ибтидоии деҳаи “Чорсада - 1” дар таблиғу ташвиқи Барномаҳои ҲХДТ, Ташаббусҳои ҳизбӣ, ҷонибдорӣ аз сиёсати давлату ҳукумат  назаррас буда, дар корҳои ободонии ташкилот бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ фаъолона иштирок меварзанд. Тибқи муқаррарот, Баротова Меҳрӣ  аз нав раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи  “Чорсада - 1” бо тарафдории аксарияти аъзои ҳизб интихоб карда шуда нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Чорсада - 1” барои нимсолаи дуюми соли 2022 тасдиқ гардида, Баротова Меҳрӣ ҳамчун вакил ба Конференсияи ноҳияви пешбарӣ шуд.