МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТИ ДЕҲАИ ДИЛНИШИН

Данғара:  

Бо иштироки масъулини   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара санаи 29.06.2022, дар ташкилоти ибтидоии деҳаи Дилнишин маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ баргузор гардид. Сараввал, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи “Дилнишин” Одинаева Раҷабгул оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд. 

Гуфта шуд, ки саҳми аъзои ташкилоти ибтидоии деҳаи “Дилнишин” дар ташаббусҳои ҳизбӣ назаррас буда,  дар давраи ҳисоботи аз ҳисоби аъзоёни фаъоли ҲХДТ ва соҳибкорону шахсони хайрхоҳи деҳа дар таъмири мактаб ва дигар корҳои ободонии деҳа пайваста саҳмгузори менамоянд.

Тибқи муқаррарот, Одинаева Раҷабгул аз нав раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи  “Дилнишин” бо тарафдории аъзои ташкилот интихоб карда шуда, ҳамчун вакил ба Конференсияи ноҳияи пешбарӣ гардид.