МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ДЕҲАИ АЛИҶОН

Данғара:  

Санаи 29.06.2022, дар ташкилоти ибтидоии деҳаи Алиҷон бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, Каримзода Пирмуҳаммад Авғон маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ  доир гардид.Зимнан, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи “Алиҷон” Қурбонова Раҷабӣ  оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд. 

Гуфта шуд, ки саҳми аъзои ташкилоти ибтидоии деҳаи “Алиҷон” дар таблиғу ташвиқи Барномаҳои ҲХДТ назаррас буда, дар корҳои ободонии ташкилот бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ фаъолона иштирок намуда, ташаббусҳои ҳизбиро амалӣ менамоянд. 

Тибқи муқаррарот, Қурбонова Раҷабӣ аз нав раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи  “Алиҷон” бо тарафдории аксарияти аъзои ҳизб интихоб карда шуд. Дар идомаи маҷлис масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, оид ба эҳтиром ба ақидаи ҳар як узви ҳизб, худидоракунии ташкилотҳои ибтидоӣ, озодбаёнӣ дар фаъолият ибрози ақида намуданд.