МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛОЛАЗОР.

Данғара:  

Санаи 29-июни соли 2022, бо иштироки мудири шуъбаи омори  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, Раҳмонзода Аваз дар ташкилоти  ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти Лолазор маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ гузаронида шуд. 

Саравал дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли ҷорӣ шунида шуда, қайд карда шуд, ки ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти Лолазор дар давраи ҳисоботӣ  корҳои назаррасро ба сомон  расонида, аз ҳисоби аъзойни фаъоли ҲХДТ, шахсони саховатманд ва хайрхоҳи ҷамоат роҳҳои байни ҷамоат сангфарш ва мумфарш гардида, дар арафаи иду ҷашнҳо ба ятимону камбизоатон кӯмакҳои модиву молиявӣ расонида мешавад. 

Пас аз шунидани ҳисоботӣ Раиси  ташкилоти ибтидоӣ Акрамзода Хайриддин бо ҷонибдории аъзоёни ташкилот раиси ташкилот интихоб гардида, қарор қабул карда шуд. Сипас Акрамзода Хайриддин ҳамчун вакил ба Конференсияи ноҳиявии ҳизбӣ пешбарӣ гардид.