ТЕРРОРИЗМ ДАР СУРАТ ВА СИРАТИ ГУНОГУН БА АМАЛ МЕОЯД

Данғара: Вокуниш  

“Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бугуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст”. Эмомалӣ Раҳмон.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми мамлакатҳои олам маҳз қишри ҷавони ҷомеа ба равияҳои ифротӣ ҷалб карда мешаванд, ки мояи нигаронӣ аст. Симои ҷавон гирифтани ифроту терроризм метавонадба пойдории амнияту суботи кишварҳо латмаи сахт ворид карда, паҳншавии ин равияҳои харобиоварро тақвият бахшанд. Аз ин лиҳоз, истифодаи нерӯи ҷавонон дар амалӣ намудани ғояҳои хавфнлки ифротӣ нишонаи костагии  мафкуравӣ ва ғоявии онҳо буда, рафъи ин ҳолат ҳамбастагии  фаъолияти тамоми ниҳодҳои низомии сиёсиро тақозо менамояд.

Оид ба роҳҳои пешгирӣ аз гароиши занону мардон ба гурӯҳҳои  ифротӣ фикру андешаҳо  гуногунанд. Фаъолони ҷомеа дар ин  самт роҳандозии чорабиниҳои маърифатӣ – иттилоотӣ дар миёни  марудам афзалият медиҳанд. Мубориза ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ аз мавзӯъҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, алайҳи ин вабои аср дар кишвари мо низ тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Оилаҳои осебпазир аз тарси ба қавле  ангушнамои мардумурадди маърака нашудан, ба ҷойи чора андешидан баръакс, гумроҳшавии фарзанди худро  аз ҷомеа паноҳ медоранд. Моро низ лозим аст, ки фарзандонамонро намонем ба доми фиреби нохалафон афтанд, ҳаёти худу зиндагии осудаи ҳамаи моро барбод диҳанд. Мо намегузорем, ки ҳизбу ҳаракатҳои манфур ҷавонони моро бо роҳҳои фиребу найрангба худ ҷалб намоянд, алайҳи ин падидаи хатарнок мо якдилона мубориза мебарем.  Ин падидаи нохалаф аз ҷавонони содаву гумроҳ, ки саводи кофӣ надоранд истифода бурда, ба доми фиреби ин ашхоси ворид мешваванд ва ҳаёти худро барбод медиҳанд. Душманони миллат ҳеҷ гоҳ насли ҳамсоли моро ба худ ҷалб карда наметавоанд, зеро мо заҳри ҷангу фитнаи душманони миллатро як бор чашидаем. Мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки айни замон фаъолияту соҳаву сохторҳои деҳоту навоҳӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди равандҳои хатарзо беҳбудӣ мехоҳад. Ҳоло, ки душманони башар аз тариқи воситаҳои муосири муошират ҷавононро мағзшӯӣ мекунад, моро мебояд, ки дар ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба ҳифзи суботу осоиштагӣ аз таҷрибаи суҳбат, вохӯриҳо бо мардум истифода намоем. Душманони башар аз зиштарин роҳ  чун сипар истифода бурдани ҷавонони содаву гумроҳ, кор мегиранд. Ягона роҳи наҷоти ҷавонписарон аз доми гурӯҳҳои ифротгаро идомаи таҳсил дар муассисаҳои  олӣ асту ҳам адои хизмати ҳарбӣ, ки дар ин сурат ба корҳои беҳуда вақт наёбанд. Мо бояд фарзандонро лаҳзае бидуни назорат нагузорем, то ҳаёту мамоти худу аҳли башарро  барбод надиҳанд.

ВОҲИД Дилафрӯз Сафарӣ – муовини Раиси КИ ҲХД дар ноҳияи Данғара