ВНМО БЕМОРИИ МУЗМИН  ВА РОҲҲОИ ГУЗАРИШИ ОН

Данғара:  

Кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии маркази “ВНМО”-и ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”–и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17, ҷамоати деҳоти Себистони деҳаи Калкот, байни устодон ва хонандагони синфҳои болоӣ оиди пешгирӣ, аломатҳои бемории ВНМО ва роҳҳои гузариши он семинар машварат гузарониданд. Бояд қайд кард, ки ВНМО бемории музмин буда, танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки ин беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои яккаратаи тамъизнашуда, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад. Ҳадафи асосии барнома ин паст кардани шумораи сироятёфтагон ва дар солҳои минбаъда коҳиш ёфтани ин беморӣ мебошад, дар охир ба онҳо маводҳои итилооти тақсим намуданд.