МУЛОҚОТ БО СОКИНОН  ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛОҲУР

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти Лоҳур, деҳаи Меҳрвари ноҳияи Данғара гурӯҳи таблиғотию ташвиқоти бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, вохӯриву мулоқотҳо баргузор намуда истодаанд. Дар вохӯрӣ Раиси  Кумитаи иҷрои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад Авғон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни мулоқот доир ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқкуқӣ", риоя ва татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  вохӯрӣ баргузор гардид.

Тарғиботчиён зимни баромадҳои хеш зикр намуданд, ки санаи 28 - уми декабри соли 2023 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки  дар Паём роҳи минбаъдаи рушди мамлакат, барномаи фаъолияти Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия ба таври возеҳу равшан баён гардиданд.