ГУРӮҲИ КОРИ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳҳои корӣ дар 9 ҷамоатҳои ноҳияи Данғара корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд. Гурӯҳи кори дар сатҳи маҳал оид ба тарбияи худшиносиву ватанпарастӣ, илму забономузӣ, касбомузию ободу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” - ро дар мадди аввал гузошта, бобати тарбияи худшиносию худогоҳии ҷавонону наврасон, тарбияи ахлоқии онҳо, тарғиби арзишҳои миллӣ, фарҳанги бегона ва назорати қатъии ҷавонону наврасон дар давоми таҳсил, гузаронидани рейдҳои муштарак бо масъулини ниҳодҳои марбута бобати пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешанд.Ҳамзамон бобати тарғиби арзиҳшои миллӣ, фарҳанги миллӣ, пешгирии исрофкорӣ ва татбиқи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии либоспӯши ба фарҳанги бегона, тарғиби дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани иродаи сиёсии мардум, садоқат ба Ватану миллат ва амсоли ин нутқ ,таъкид карда шуд.