ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ МАРОМИ МОСТ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо мунтазам корҳои ободониву созандагӣ ва ободу зебо гардидани муҳити кору зист сурат гирифта истодааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз доштанд, ки «Биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем». Дар пайравӣ ба ин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” ҳар рӯзро барои тозаву озода намудани манзилу кошона, кӯчаву маҳаллаҳои зист, ободу зебо ва озода гардонидани ноҳия, дар ободонию созандагӣ, тозагиву покизагӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани майдончаҳои варзишӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд. Шанбегӣ аз тарафи муассисаҳои таълимии ноҳия Данғара дар кӯчаи К. Қурбонов