ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ “ВНМО” БО СОКИНОН

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони ташкилоти ибтидоии  маркази “ВНМО” - и ноҳияи дар маркази саломатииҷамоати деҳоти Себистони деҳаи Шамолдара дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ,  занони ҳомиладор оиди “ВНМО”  роҳҳои строятеби пешгирӣ  ва аломатҳои беморӣ семинар машварат гузаронида шуд. Кормандони маркази ВНМО оиди бемории ВНМО ва роҳҳои сироятеби аломатҳои беморӣ ва зарари он ба ҷомеъа баромад карда шуд. Бояд қайд кард, ки ВНМО бемории музмин буда, танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки ин беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои яккаратаи тамизнашуда, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад. Ҳадафи асосии барнома ин паст кардани шумораи сироятёфтагон ва дар солҳои минбаъда коҳиш ёфтани ин беморӣ мебошад. Дар охир ба иштироккунандагон маводхои иттилоотӣ паҳн намуданд.