ОЗМУНИ “КАНИ ДУХТАРОН”

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”,  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 ноҳияи Данғара, чорабинии илмию фарҳангӣ таҳти унвони “Канӣ духтарон” байни хонандагон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур тибқи нақша-чорабинии тасдиқшуда аз ҷониби директори муассиса муҳтарам Аббос Бобохонзода кормандон, омӯзгорон, хонандаҳо дар  маҳфил ширкат карданд. Зимни баромад суханҳои пурмуҳтаво, шеъру таронаҳо, саҳначаҳо ва сурудҳо тақдими тамошобинон гардид. Чорабинӣ дар сатҳи баланд ва хотирмон баргузор гардид.

Рафти озмуни "Кани духтарон" дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 - и ноҳияи Данғара