БУЗУРГТАРИН ВА БАРҶАСТАТАРИН ЧЕҲРАИ СИЁСӢ ДАР МИЁНИ ЗАНОН

Данғара: Вокуниш  

Хайриниссо Юсуфӣ ба сифати бузургтарин ва барҷастатарин чеҳраи сиёсӣ бо рисолати арҷманду густурдаи деринсолаи худ дар миёни ҷомеаи занони ҷаҳон низ номвар гардидааст. Мактаби Хайриниссо Юсуфӣ сазовори омӯзиш ва таҳқиқи бонувони ҷавони сиёсатвар мебошад.

Хайриниссо Юсуфӣ занест, ки натанҳо мо занҳо балки тамоми Тоҷикистон ва дигар халқу миллатҳо ӯро эҳтиром мекунанд. Бахусус барои мо занон ӯ шахси хеле муътаюбар мебошад. Аз пайи илму дониш рафтан ва ҳам оилаи солим барпо кардан корест мушкил, ки на ҳар зан аз ӯҳдааш баромада метавонад. Аммо Хайриниссо Юсуфӣ ба халқи азизаш хизматҳои  шоиста  кардааст ва дар амалӣ гардонидани фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа фаъол мебошанд. Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” , ки 3 – декабри соли 1999 ба тавсиб расидааст, таҳавуллоти бузургеро ба вуҷуд овард. Занро, агарчӣ ҷинси латиф мегӯянд, дар матонату устуворӣ ва сабру таҳаммул аз мардҳо дида неруманданд.

Додоҷон Атовуллоев барои хостаҳои зишти худ аз густохиву қалби зиёндори нопокаш даст намекашад. Зишткориву бадфитратӣ ҳам ҳадде дошт, акнун ин пастфирати  бешараф ба ҷинси латиф ҳам туҳмат заданро раво дида истодааст. Мо занони тоҷик нафрат ба ту барин марди хоин, оқи миллат ва ватанфурӯш дорем. Барои решакан намудани ин ақидаҳои нопокӣ Додоҷон Атовуллоев моро зарур аст, ки дар ин самт корро идома бахшида, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати занонро ҳимоя намоем. Дар радифи таблиғу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ бояд дар қиболи равандҳои носолими ҷомеа, пешгири аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои идеологии ҷомеа истодагарию мубориза бояд бурд. Биноан, равандҳои саръатзоӣ ҷаҳонӣ ва фазои бесарҳади таблиғоти берунӣ, ки тариқи воситаҳои гуногуни фарҳангу иттилоотии олами муосир дар афкори ҷомеа муассир аст, тақозо менамояд, ки аз кормандони қаторӣ то масъулону роҳбарон дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

 Дар симои ин бонӯи хушгуфтор роҳбаре дар арсаи сиёсат серталабу масъулиятшинос, аз зиндагӣ хушбину бо одамон ҳалиму ниҳоят маҳбубу меҳрубонро дарёфтам. Меҳнатдӯстӣ, сабру таҳаммул ва дурандешии ин зан тавонистааст ӯро то ба ин зинаҳои мурод расонад. Бурди дигари ин бонуи зебо дар он аст, ки ӯ баҳравар аз таҷрибаи рӯзгор аз нозукиҳои вазифаи роҳбарӣ бархурдор гардида, кормандонро  атрофи худ муттаҳид сохтааст.. Ҳурмати эҳтироми атрофиён, дарки эҳсос ва хайрхоҳӣ, бодиққатӣ ва ҳушёрӣ дар муносибат ба ҳамагон Хайриниссо Юсуфӣ – ро соҳибобрӯ гардонидааст. Ӯ фариштахулқ аст, ки пайваста ба ятимону барҷомондагон дасти мададашро дареғ намедорад. Бисёр зани ҳалиму меҳрубон ва беандоза инсондӯсту сахист. Ба мисли гули садбарг зиндагиаш сад баргу сад тароват дорад. Маҳз ҳисси баланди вазифашиносию пурмасъулиятӣ, риояи одоби сарварӣ, шинохти қадру эътибор, муносибати самимона ӯро миёни мардум соҳибэҳтиром гардонидааст. Нангу номусро волотар аз ганҷи Қорун медонистанд. Воқеан, сазовор шудан ба эътимоду эҳтироми мардум бузургтарин саодат аст.

Дар хотимаи навиштаҳоям гуфтаниям, ки мо ифтихор аз ин бонӯи зебо, сиёсатмадор Хайриниссо Юсуфӣ  дорем.

Воҳид Дилафрӯз Сафарӣ, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара