БЕХИРАДӢ – БЕРАҲМӢ ВА ҶАҲОЛАТ

Данғара: Андеша  

Баъди соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷанги таҳамилӣ кашида шуд, ки ин нақшаи зиёда аз 20 – сола пеш таҳрези намудани Ҳизби назҳати Ислом ба ҳисоб мерафт. Баъди заиф гардидани давлати абадқудрати Шуравӣ, сиёсати бисёрҳизбӣ дар ҷумҳуриҳои бародарии Шуравӣ ба авҷи алояш расида, ошкоро ва пинҳони ҳаргуна равияҳою ҳизбҳои сиёсӣ сарбардошта ба муқобили ҳизбӣ Комунистӣ, ки сарвари давлати Шуравиро ба зимма доштанд баромадҳои ошкорою ҳадафмандона менамуданд. Бо ин васила олимон, адибон,  шахсони муътабари миллатро бо ҷониби худ гирифта, онҳоро ба муқобили сохту партияи Комунистӣ мешурониданду аз онҳо аз онҳо истифода намуда кули сокинони ноогоҳро ҷониби худ мегирифтанд.

Дар маросимҳои оммавӣ ба решаи ҳизби Комунистӣ реша зада, омӯзгоронро шахсони бехудо ва ҷонибдори ҳизби Комунистӣ гуфта, нону намаки муаллим ҳаром гуфта, баромадҳо карда шаъну эътибори омӯзгорро коста намуданд. Аммо мо худ гувоҳем ва медонем, ки лаънатиҳои наҳзатиё аз осмон донишманд наафтидаанду онҳо пеши омӯзгоре дарсу таълим гирифтаасту сипас ба хондани китобҳои диннӣ машғул шудааст.

Ҳамин бехирадии мардум Тоҷикистонро ба ҷанги таҳмилӣ кашида иқтисодиёти Тоҷикистонро ба нестӣ оварда расонид, ки таи 19 – 20 соли охир барои аз нав барқароркунӣ шароити созгорӣ таълимӣ Пешвои миллат талош варзида истодааст. Аз шароитҳои имрӯза метавон қиёс кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон вазъи таълиму тарбияи насли наврас нисбати солҳои замони Шуравӣ хело хуб аст, муассисаҳои таълимие, ки дар ин давра сохта ба истифода дода шудааст бо тамоми шароити хониш муҷҷаҳаз мебошад.

Танҳо омӯзгори ботаҷриба метавонад, ки дар дили хонандагон тухми некӣ ва умед ба ояндаи дурахшони фардои халқу миллатро парварида, пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ва насли ояндасози миллатро бигирад. 

КАРИМЗОДА Пирмуҳаммад Авғон – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара.