ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

Данғара: Вокуниш  

Истилоҳи  терроризм аз калимаи лотинии Террор ( “tennop») бармеояд, ки маъном тарс ва ваҳмро дорад. Мафҳуми  терроризм ва террорист имрӯзҳо вирди забони ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст, ки бо даҳшат афкании хеш ва зарари модию ҷисмонӣ расонидан дар менотиқи кишварҳои ҷаҳон вусъат ёфта истодааст.

Террорист нафарест, ки  мақсаду мароми худро бо роҳи зуроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ месозад. Террорист дар ин самт то ба худкӯшӣ кори худро ба анҷом расонида ва  он амали худро иҷро менамояд.

Дар даврони сохтори Шуравӣ пайдоиши пояи аттеизм ва ҷаҳонбинии аттеистӣ асоси сиёсати диниро идора мекард. Мақсади он аз байн бурдани боқимондаҳои динӣ, кӯҳнапарастӣ ва хуррофот аз шуури мардум, аз ҷомеа решакан кардани чунин андешаҳо буд. Бояд қайд кард, ки дар баробари тараққиёту пешравӣ дар ҳар кишвари ҷаҳон, инчунин бархе аз давлатҳои дигарро ҷангҳои дохилию беруна, низоъҳои сиёсӣ ва ба ибораҳои маъмули рӯз – терроризму экстремизм фаро гирифтааст. Худоро шукр мо дар кишвари биҳиштосои Тоҷикистони азизамон устодону олимони хубе дорем, ки бо ин масъалаҳо изҳори назар намуда, мушкилоти ҷавононро ҳал менамоянд ва инчунин метавонад инсонро аз ин ҳолати буҳронӣ берун кашанд. Агар мушкилоти ҷавонон мушкилоти динӣ бошад, дар кишварамон донишмандони мазҳабӣ зиёд дорем, ки ҷавонон метавонанд аз инҳо истифода карда, мушкилоти диниашонро бипурсанд то муҳтоҷ ба гуфтаҳои суханваронӣ хориҷӣ нашаванд. Агар як ҷавоне, ки бо чунин буҳрон гирифтор шуд ва аз касе барои рафъи буҳрони фикриаш мадад нахост ва ӯ ба таъсири як зумра бехирадон ба нияти тундравӣ ва экстремистӣ аз кишвар хориҷ шуд, дар ин ҳолат худи ӯ зарар мебинад на каси дигар. Зеро ин ҷавон истиқлолияти фикрии худашро аз даст додааст, миллатдӯст нест.

Коршиносон яке аз сабабҳои ифротӣ шомил гардидани ҷавонони тоҷикро тариқи шабакаҳои интернетӣ мебинанд. Ба андешаи онҳо ҷавононе, ки дониши нокофӣ доранд ба ваъдаҳои хушку холӣ чун маблағи зиёд ва амсоли ин зуд бовар мекунанд.

Ҳарчанд мубориза ба терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратист, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он, ки аз тарафи ҷавонон шомилшавӣ ба ин гуна равияҳои ифротгароиро аз байн барем, бояд эҳсоси ватандорӣ, ватандӯстӣ ва хештаншиносии миллиро мудом ба роҳ монда, дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем.

Бо ҳидояти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои бензир мушараф шудем. Муттаассифона афроде ҳастанд, ки то ба ҳол бо сулҳу субот бо чашми ҳасад менигаранд ва мехоҳанд бо ҳадафҳои номатлуб ҷомеаро бо гирдоби нооромӣ кашанд.

Ҷавонон бояд донанд, ки ворид шудан ба равияҳои ифротӣ ҳеҷ хизмате ба ислом набуда, балки бадном кардани номи мусулмонон ва дини ислом аст.

ВОҲИД Дилафрӯз Сафарӣ – муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара