Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ба даст даровардани истиқлолияти энергетикӣ ба пеш қадамҳои устувор гузошта истодааст. Захираҳои бузурги гидроэнергетикии мамлакат имкон фароҳам меорад, ки рушди имрӯзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисодии миллӣ таъмин карда шавад. Имрӯз мавзӯи бунёди Коҳи нури Тоҷикистон ба шиори рӯз таблил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъули ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷӯҳи хоса дорад. Саҳифаҳои матбуоти даврӣ, намоишу гуфторҳои телевизион ва радио пайваста доир ба рафти корҳои ин сохтмони муҳташам маводи ҷолиберо ба мардум пешкаш менамоянд. Ҳамаи мардуми Тоҷикистон зарурияти бунёди Роғунро хеле хуб дарк намуда, ҳамраъйии худро нисбати Ҳукумат бо ҳамовозии амиқ нишон дод. Иштироки фаъолонаи мардуми шарифи Тоҷикистон дар харидории саҳмияҳои Роғун далели ҳиссӣ ифтихори миллии ҳар сокини бо нангу номуси кишвар аст.
Мардуми Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода аз рисолати созандаги дарак доданд. Ҳазорон фидоиёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори нерӯгоҳ заҳмат кашида дар фурсати кӯтоҳ ба истифода додани Роғун тадбирҳои муассир меандешанд.
Ҳамаи мо тоҷикон хуб медонем, ки бунёди Роғун ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад. Пиру ҷавон бо дарки оқилона хасташавии худро надониста, шабу рӯз заҳмати зиёд мекашанд. Шиносои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рафти корҳои сохтмон ва мулоқоти судмандашон бо ҷамъи коргарон муҳим будани бунёди Роғунро бори дигар ёдрас мекунад.
Нахустин корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври расми 26 сентябри соли 2005 оғоз гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми корҳои сохтмониро дар ин неругоҳ таҳти назорати бевоситаи худ гирифта, ҳамеша аз он дидан менамоянд. Табиист, ки матонату ҷасорат ва садоқати бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иншоот низ баёнгари шоҳкориҳои навбатии он кас мебошад, ки саҳифаҳои таърихии миллат бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд. Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқии обии “Роғун” барпо шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба булдозери вазнини замонавӣ нишаста, давоми якуним соат ба бастани маҷрои дарёи Вахш машғул гардиданд. Тоҷикистони азизи мо ба кор даровардани ду чархи Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба таъмини истиқлоли энергетикӣ қадами устувор гузошт. Рушди босуботу бонизоми ояндаи кишварро бе Неругоҳи барқии обии Роғун тасаввур кардан мушкил аст. Аҳамияти аввалиндараҷаи нерӯгоҳи Роғун дар он аст, ки талаботи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нерӯи барқ пурра таъмин карда мешавад. Рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон барои тараққӣ додани соҳаи истеҳсолот, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ нақши хоса дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва умуман дар масъалаи сатҳи глобалии об дар сайёра диққати хоссае зоҳир менамояд. Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин амнияти энергетикии кишвар мебошад. Аҳамияти таърихӣ доштани Неругоҳи барқии обии Роғун гарави асосии расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Баъди ба пурагӣ ба истифода додани Нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун Тоҷикистон ба кишвари содиркунандаи нерӯи барқӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил хоҳад ёфт.
ВОҲИД Дилафрӯз Сафарӣ – муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия