Дар замони Истиқлолияти кишварамон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи саноаати сабук, мошинсозӣ, химия, коркарди маъдан ва металлҳо ва коргоҳ ва корхонаи нави кори сохта ба истифода дода шуд. Таи солҳои охир беҳтар шудани вазъи соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва роҳсозӣ, коммуникатсия ва технологияи иттилоотиро ҳамватанони азизи мо хуб эҳсос мекунанд.
Шукри сипос ба Худое, ки оромии зиндагиро ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати соҳибистиқлолаш ба мардуми тоҷик насибу рӯзӣ гардондааст. Қариб моҳе нест, ки дар ягон гӯшаи Ватани азиз корхонае ба кор надарояд. Ин падида махсусан дар арафаи идҳои давлатӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Ан ин рӯ мардуми тоҷик ҳамеша дар интизори ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, чунки паи қудуми фарзона фарзанди миллат файзбор аст ва бо ин васила онҳо насиби дидору рӯ ба рӯ мегарданд. Мардуми тоҷик бо як шодиву нишон ҷашни 32 – солагии истиқлолияти давлатии худро бо тантана, бо дастоварҳои бунёдкориву созандагӣ пешвоз гирифтанд. Дар 32 – соли истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияиҳои ҷумҳурӣ як қатор корхонҳои саноативу маишӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, толорҳои варзишиву варзишгоҳҳо, коргоҳҳои меваи хушку сардхонаҳо ва ғайра мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҳоло дар мамлакат корҳои бунёдкориву созандагӣ бо суръат идома дорад. Барои идома додани дигаргунсозиҳо, таъмини рушди иқтисодиёт, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум, ҳамкориҳои судманд бо соҳибкорон аҳамияти калон расонида метавонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳибкорӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкориро сиёсати афзалиятноки иқтисодии кишвар эълон доштаанд. Дар шаҳрҳо, марказҳои ноҳияҳо ва деҳоти калони аҳолинишин биноҳои хуштарҳи зебои маъмурӣ, фарҳангӣ, мактабу хизматрасонии ба талаботҳои аҳолӣ ҷавобгӯ паи ҳам ба истифод дода шуда истодаанд. Қомат афрохтани манзилҳои нави баландошёна, меҳмонхонаҳо, иншоотҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, маркази савдо ва хизматрасонб ба ҳусни шаҳр ҳусн зам намуда истодаанд. Ҳушбахтона бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизи мо сарсабзу хуррам гашта ва ин иқдоми нек то ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти двлатӣ идома дорад.
ВОҲИД Дилафрӯз Сафарӣ, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара