Иброҳимзода Неъматулло Абдусалом – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

Иброҳимзода Неъматулло Абдусалом 31 марти соли 1977 дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1994 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Ҷайҳунро бо мувафақият хатм карда, ҳамон сол ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, донишгоҳи мазкурро соли 1999 бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардаааст. Фаъолияти кориашро аз соли 1999 то соли 2002 ба ҳайси омӯзгори фанни таърих ва ҷомеашиносии мактаби миёнаи №41-и ноҳияи Ҷайҳун оғоз намудааст.

Сипас солҳои 2002-2004 дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, солҳои 2004-2010 Роҳбари дастгоҳ-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, соли 2010 то соли 2019 дар вазифаи муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва аз моҳи декабри соли 2019 то инҷониб Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар фаъолият карда истодааст. Соли 2015 аз ҳавзаи интихоботии №12 ва соли 2020 аз ҳавзаи интихоботии №20 вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар интихоб шудааст. Оиладор соҳиби 4 фарзанд мебошад.

     Барои фаъолияти бисёрсола дар ин соҳа ва амалӣ гардидани сиёсати созандаю бунёдкоронаи ҲХДТ, таҳкими ваҳдат ва суботи сиёсӣ, худшиносии миллӣ, саҳми арзанда дар баланд бардоштани эътибору нуфузи ҳизб, иштироки фаъолона дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ватанпарастӣ соли 2014 бо ифтихорномаи Раиси ҲХДТ ва соли 2021 ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардонида шудааст.

     Инчунин соли 2016 барои мусоидат, ҳамкорӣ, таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали ҷашнии Қувваҳои мусаллаҳ, бо нишони фахрии аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2017 бо медали 80-солагии Иттифоқҳои касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.