Саидзода Раҳмон Азим – Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

Саидзода Раҳмон Азим 23-июни соли 1970 дар шўъбаи якуми совхози Киров-и (ҳозира хоҷагии ба номи С. Турдиев) ноҳияи Вахш вилояти Хатлон дар оилаи омўзгор таваллуд шудааст. Соли 1977 ба мактаби миёнаи №6-и совхози Киров дохил шудааст. Мактаби номбурдаро соли 1987 ба итмом расонида, худи ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав-и шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) дохил шудааст. Баъди хатми бахши якуми донишгоҳ ба хизмати афсарӣ сафарбар гардидааст. Пас аз анҷоми хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ соли 1989 боз таҳсилро дар донишгоҳи номбурда давом додааст. Донишгоҳро соли 1993 бо ихтисоси муаллими фанни математика-физика хатм карда, то саршавии таълим дар Донишгоҳ аз моҳи августи соли 1992 то моҳи январи соли 1993 дар мактаби миёнаи №6-и совхози Киров шўъбаи якум ба ҳайси муаллими фанни математика фаъолият намудааст. Аз моҳи август то сентябри соли 1993 дар вазифаи котиби маҷлиси судии Идораи Суди Халқии ноҳияи Вахш кор кардааст. Моҳи октябри соли 1993 то сентябри соли 1994 ба ҳайси муаллими фанни физикаи мактаби миёнаи №6-и совхози Киров фаъолият намудааст. Аз моҳи сентябри соли 1994 то моҳи марти соли 1996 дар вазифаи ҳисобчии шўъбаи тиббии Раёсати Умури Дохилаи вилояти Хатлон кору фаъолият намудааст. Аз моҳи марти соли 1996 то моҳи октябри соли 1996 ба ҳайси ёрдамчии сарҳисобчии Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон фаъолият намудааст. Дар асоси Низомномаи Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 1996 то моҳи июли соли 1997 дар Раёсати амнияти бехатарии вилояти Хатлон ба ҳайси хизматчии ҳарбӣ кору фаъолият намудааст. Аз моҳи ноябри соли 1997 то моҳи октябри соли 2003 дар вазифаҳои мутахассиси дараҷаи як, мутахассиси пешбаранда, мудири шўъбаи ҷавонони эҷодкор, донишҷуёну хонандагон ва мудири шўъбаи тарбияи ҳарбӣ-ватандўстӣ ва фарҳангии Идораи кор бо ҷавонони вилояти Хатлон кору фаъолият кардааст. Моҳи ноябри соли 2003 то моҳи феврали соли 2008 дар вазифањои мутахассис, мудири шўъбаи таблиғот, умумӣ-бақайдгирӣ ва мудири шўъбаи маънавиёти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон кору фаъолият намуда, аз моҳи феврали соли 2008 то моҳи апрели соли 2008 дар вазифаи Роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Носири Хусрав фаъолият намудааст. Моҳи апрели соли 2008 то моҳи сентябри соли 2010 дар вазифаи мудири шўъбаи ташкилӣ кор бо кадрҳо ва бақайдгирии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолият намудааст. Аз моҳи августи соли 2010 то моҳи августи соли 2011 дар вазифаи ҷонишини директори Литсей-интернати Президентӣ барои кўдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи ноябри соли 2011 то дар вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон фаъолият намудааст.

     Аз моҳи октябри соли 2002 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.           

Оиладор соҳиби 4-нафар фарзанд.