Рӯзи ёдоварӣ дар маҳаллаи Саричашма

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади эҳтиром, арҷгузорӣ ва пос доштани хотираи гузаштагон ҳар моҳ дар оромгоҳҳои маҳаллаҳои шаҳри Бохтар ташаббуси ҳизбӣ «Рўзи ёдоварӣ» баргузор карда мешавад.Чунин ташаббус бо иқдоми сокинон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, Кумитаи маҳаллаи Саричашма дар оромгоҳи маҳаллаи мазкур баргузор гардид.  Мавриди зикр аст, ки сокинони маҳаллаи мазкур гирду атрофи оромгоҳи маҳалларо панҷарабандӣ намуда, дар даромадгоҳи оромгоҳ дарвоза ва нишастгоҳҳо насб намуданд. Ҳамчунин сокинони маҳалла ба ҳашари умумӣ баромада дохил ва атрофи оромгоҳро тозаю озода намуданд. Ин иқдоми сокинон боиси таҳсин буда, аз тарафи масъулин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Н. ва мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар Сатторов Саидакбар ба сокинони ин маҳалла минатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарро расониданд.