Амалишавии аксияҳои ҳизбӣ дар маҳал

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар шаҳри Бохтар ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созанда муташаккилона идома доранд.
Бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдории      ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳаллаи Саричашма  дар доираи нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонӣ бахшида ба  35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  бо  дастгирии   соҳибкорону сокинони маҳал  кучаҳои маҳаллаи  мазкур   мумфарш карда    шуда истодаанд.Айни ҳол бо ёрии сокинон дар  кучаи Муқанаъи    маҳаллаи мазкур дар беш аз 0,6 км роҳ асфалти гарм рехта   шуд.  Боиси қайд аст, ки дар бунёди иншооти иҷтимоӣ ва ободу   зебо    гардонидани шаҳри Бохтар соҳибкорони  бонангу  номус саҳми арзандаи  худро  гузошта  истодаанд.