ҲИСОБОТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ОБИ ВИЛОЯТ»

Бохтар: Ҳисобот  

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ОБИ ВИЛОЯТ» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Роҳила Давлатова иштирок намуд.

Нахуст раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ОБИ ВИЛОЯТ» оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дода, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаро муайян намуд. Тибқи муқаррарот раиси ташкилоти ибтидоӣ аз сари нав тариқи овоздиҳӣ интихоб гардид.

Дар идомаи маҷлис Роҳила Давлатова ба сухан баромада, оиди иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ, омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллиамон 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ суҳбат намуданд.