МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ИТТИФОҚИ КАСАБА!"

Бохтар: Ҳисобот  

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ИТТИФОҚИ КАСАБА маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Каҳҳоров Искандар иштирок намуд.

Нахуст, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ИТТИФОҚИ КАСАБА» Ризозода Абдурозиқ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дода, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаро муайян намуд.

Сипас дар идомаи маҷлис Қаҳҳоров Искандар намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар зимни баромад оиди иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ, омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллиамон 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» суҳбат намуданд.