МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ»!

Бохтар: Ҳисобот  

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Чароғи маърифат» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он Муовини раиси ҲХДТ Хайриниссо Юсуфӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло иштирок намуданд.

Нахуст, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Чароғи маърифат» Сафарзода Ғазалшо оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дода, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаро муайян намуд.

Сипас дар идомаи маҷлис Хайриниссо Юсуфӣ Муовини раиси ҲХДТ зимни баромад оиди тақвият бахшидани корҳои идеологӣ, иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ, омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллиамон 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» суҳбат намуданд.