АКСИЯИ РӮЗИ ЁДОВАРӢ ДАР ОРОМГОҲИ МАҲАЛЛАИ ЗАРХЕЗИ ШАҲРИ БОХТАР!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар оромгоҳи маҳаллаи Зархези шаҳри Бохтар бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб аксияи Рӯзи ёдоварӣ гузаронида шуд. Дар он сокинон дохил ва атрофи оромгоҳи маҳалларо аз алафҳои бегона тоза намуданд. Амалиёти мазкур бо иштироки 200-нафар сокинони маҳаллаҳо ва 2-имомхатиб гузаронида шуд.