ТАҶЛИЛИ ИДИ МЕҲРГОН ВА ҚАДРДОНИИ ФАЪОЛОН ДАР ТИ "КОЛЛЕҶИ МАХСУСГАРДОНИДАШУДА"

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 26-уми октябри соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар чорабинӣ бахшида ба Иди Меҳргон доир гардид, ки дар он директори муассиса муҳтарам Хоҷазода Даврон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар Атозода Зайниддин Ғоиб, намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, директори Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Бохтар, муовинони директор, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Директори муассиса тамоми омӯзгорон ва донишҷӯёнро бахшида ба иди Меҳргон, ки иди ниёгони халқи тоҷик ва иди ҷамъоварии ҳосил ба ҳисоб меравад, шодбош гуфт.
Дар ин чорабинии тантанавӣ омӯзгорону донишҷӯён ярмаркаи намоиши ҳунару маҳорати хешро дар омода намудани дастовардҳои гуногун пешниҳод намуданд.
Дар баробари ин, ҳосилҳои фаровони ҷамъоваригашта, аз қабилӣ, меваҷот ба монанди себ, нок, анор, хурмо, ангур ва аз сабзавотҳо помидор, бодиринг, каду, карам, инчунин растаниҳои хӯриш ба намоиш гузошта шуданд.
Дар давоми чорабинӣ донишҷӯён бахшида ба Иди Меҳргон баромад намуданд. Дар интиҳо аз тарафи донишҷӯён барномаи фарҳангӣ бо либосҳои миллӣ, ки муаррифгари миллати тоҷик мебошад, бо сароидани сурудҳои ватандӯстона ба чорабинӣ рангу шукӯҳи тозае бахшиданд. Меҳмонони даъватшуда бо сипоснома роҳбари муассиса барои ҳамкориҳои судманд қадрдонӣ гардиданд.