Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рӯзи 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ, яъне баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бошукӯҳ Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24 ноябр ҷашн гирифта шуд.
Дар саросари кишвар вобаста ба он ҷашнвораю ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор гардиданд. Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ бидуни шакку шубҳа омил ва заминаи ҳуқуқӣ, фарҳангию сиёсии ҷомеа буда ҷиҳати баланд бардоштани ҳис ва ифтихори миллӣ нақш ва ҷойгоҳи сазовори худро дорад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам ҳамчун рамзи миллӣ, рамзи давлатдорӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як Тоҷикистонии ватандӯсти бонангу номус мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоти телевизиониашон 23 ноябри соли 2009 ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ қайд намуда буданд, ки «Парчами имрўзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Ҳамин тавр, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари мустақилият ва волоии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон буда, эҳтироми он ва расидан ба қадри он вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи тоҷик мебошад.
Ибодова Парвина - Аъзои ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳнамо" (омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи литсейи давлатии "Ориёно"- и шаҳри Бохтар)