РӮЗИ ЁДОВАРӢ!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар субҳи имрӯз оромгоҳи маҳаллаи Зарбдори шаҳри Бохтар аз алафҳои бегона ва партов тоза карда шуд.

Инчунин ҷиҳати ободу зебо намудани муҳиту атрофи оромгоҳ 30 дона арчаҳои ороишӣ шинонида шуд.

Дар чорабинӣ Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Саидзода Раҳмон ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Саидов Илҳом иштирок намуданд.

Қайд карда шуд, ки ниҳолшинонӣ амали хайру савоб буда, аз гузаштагонамон ба мо анъанаи нек мерос мондааст. Дар охир иштирокчиён баҳри шод намудани арвоҳи гузаштагон дастаҷамъона дуои хайр намуданд.