ДАРСИ МАДАДГОРИ МУДОФИА БАРОИ ХОНАНДАГОН

Бохтар:  

Шурӯъ аз нимаи дувуми моҳи апрели соли равон дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар бо мақсади пешгирии ғаркшавии ноболиғон ҳангоми шиноварӣ дар ҷую дарёчаҳо, расонидани кумак ба осебдидагони офатҳои табии ва ҳолатҳои фавқулода чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Ин навбат дар асоси нақша- чорабиниҳои бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофияи гражданӣ дар шаҳри Бохтар вохӯрӣ бо хонандаги муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 баргузор гардид.

Масъулин ҳангоми суҳббат бо толибилмон ва омӯзгорон усулҳои муҳофизати шахсиро ҳангоми рӯх додани ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табии фаҳмониданд.

Дар саҳни муассиса бошад асбобҳои наҷоддиҳии ниходи номбурда ба намоиш гузошта шуда буд.

Мутахасисон ва ҳамшираи шафқат тарзи дурусти истифодаи таҷҳизотро ба хонандагони фаҳмониданд.

Асбоби вазнбардори наҷоддиҳи ҳангоми рӯх додани заминларза, ҷолиби диққати хонандагон буд. Ба иттилои масъулин ин асбоби резинӣ, ки дар ҳаҷмаш 50 сантиметр аст, иқтидори бардоштани 5 тонна вазнро дорад.

Муҳаммад Мусозода сардори бахши Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофияи гражданӣ дар шаҳри Бохтар зимни суҳбат иброз намуданд, ки ташкилу баргузории чунин вохурихо баҳри амалишавии қарори раиси вилояти Хатлон бо максади санҷида баромадани сатҳи омодагии мақомоти идоракунӣ, дониши касбии ҳайати роҳбарикунанда, нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, ва малакаи аҳоли оид ба ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табии ва техникӣ, иҷрои нақша - чорабиниҳои асосии шаҳри Бохтар эътино, пешгири ва рафъи ҳолатҳои фавқулода роҳандозӣ гардидаанд.