ИСТИҚЛОЛИЯТ ИФТИХОР ВА ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ

Бохтар: Андеша  

 Омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад ва барои ба даст овардани ин орзу ва омол халқи тоҷик дар тўли асрҳо мубориза бурда, он дар даврони истиқлолият ҷомаи амал пўшид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9 сентябри соли 1991 соҳибистиқлол гардид. Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намуд.

Воқеаҳои моҳи августи соли 1991, ки дар пойтахти ИҶШС – шаҳри Москва сар заданд, ба қувваҳои мухолифини кишвар имконияти мувофиқе фароҳам оварданд, то бо дастгирии хоҷагону роҳбарони хориҷиашон, гуруҳҳои манфиатдори қавмиву қабилавӣ ва вобастагӣ ба сохторҳои исломӣ, дар зери байрақи мубориза баҳри ба даст овардани демократия, мақсадҳои асосии таҳрезӣ шудаи худ яъне соҳиби қудрат ва ҳокимияти сиёсӣ шуданро амалӣ созанд.

Дар натиҷа Тоҷикистони соҳибистиқлол ба муқовимати шадиди сиёсӣ, кашмакишиҳои дохилӣ ва дар ниҳояти кор ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рў ба рў гардид. Ҷанги шаҳрвандие, ки солҳои 1992-1997 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сар зад, яке аз фоҷиаҳои мудҳиш ва хуношўб дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин воқеа кишварро, ба оқибатҳои сангину нангини иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавию фарҳангӣ рў ба рў намуд. Ҷанги шаҳрвандӣ 5 майи соли 1992 оғоз гардида, 27 июни соли 1997 бо ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба охир расид.

Таъсири манфии идеалогияи бегона ба тафаккур ва ҷаҳонбинии насли ҷавон таъсири худро ба миён овард. Олами маънавии халқи тоҷик дар зери фишори ғояҳои бегона монда, коста гардидани маънавиёти халқ ва буҳрони идеалогии ҷомеа ба миён омад.

Таҷрибаи таърихии кишварҳои олам шаҳодат медиҳад, ки ҳар як давлат ва миллат маҳз бо туфайли таҳрезии дурандешонаи идеалогияи милливу давлатиашон ба рушду нумўи устувор ноил хоҳанд гашт. Ташаккули идеалогияи миллӣ ва идеалогияи давлатӣ, бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Зурурият ва муҳимияти таҳрезии идеалогияи миллии созанда, бахусус, дар марҳилаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар аҳамияти бештарро касб мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, иҷтимоӣ, ягона ва миллӣ мебошад

Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мекунанд, ки…мо баъди садсолаҳои зиёд маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо, яъне Истиқлолияти давлатӣ бо дарназардошти анъанаву суннатҳои таърихии аҷдодиамон ва бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои мутамаддину пешрафта бисту шаш сол қабл бар бунёди давлатдории миллии худ оғоз кардем.

Бо гузашти беш 32 сол аз Истиқлолияти давлатӣ мардуми Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳон мушоҳида намуданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояҳои миллиро ҳамеша ҳимоя намуда, онро ба мақому маснади давлатӣ нишонданд.

Инро мо дар эҳёи таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ, ҷашнҳои фарзандони фарзонаи миллат, ки ҳадафи асосиаш сарҷамъ кардани мардуми мо, ки манзураш таҳкими ифтихор ва ҳувияти миллӣ аст, мушоҳида менамоем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрати беҳтарини ватандўстӣ, мубаллиғи беҳамтои ғояҳои ҳувияти миллӣ, анъанаҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии мардуми мо мебошанд. Аз ин рў, вазифаи ҳар як фарди худшинос, худогоҳ ва ватандўсти тоҷик, хосатан зиёиён пеш аз ҳам ва беш аз ҳама таблиғи ғояҳои миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Садиков С.А - аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳнамо".