ГУРӮҲҲОИ ИФРОТИРО МАҲКУМ ВА БАР ЗИДДИ ОНҲО МУБОРИЗА ХОҲЕМ БУРД

Бохтар: Вокуниш  

Имрӯзҳо мушоҳида кардан мумкин аст, ки бархӯрди абадқудратҳо вазъи сиёсии ҷаҳонро нигарон кардааст. Давлатҳои қудраманд барои нуфузи зиёд пайдо намудан дар ҷаҳон ва ба даст овардани ҳудуди зиёд муноқишаҳои зерипардагии худро яъне ҷангҳои иттилоотиро рӯи кор овардаанд.

Дар ин замина чунин ҷангҳои сард хеле шадидан авҷ гирифта истодааст. Ин ҳама гапу корҳои дуруғпардозӣ, аз пашша филсозиҳо ба ашхосе таъсир мерасонад, ки иродаи заиф дошта, мафкураи танг доранд ва ҷаҳонбиниашон дар сатҳи паст карор дорад.

Бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дорад гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз фурсат истифода намуда, ҷавонону наврасонро ба доми фиреби худ дароварданӣ мешаванд.

Онҳо бо эътиқоди динӣ дахолат намуда, бо нишон додани наворҳои бардурӯғ бо восита аз дини мубини Ислом ба системаи асаби ҳар шахс таъсир расонда, бо ин васила онҳоро аз маркази идоракунии системаи асаб берун мекунанд. Вале чунин дасисасозӣ, фиребгарӣ нафаронеро ба доми фиреб меорад, ки на аз дин ва на аз илмҳои муосир огоҳӣ дорад.

Таҳлилҳо нишон додааст, ки он нафарон, ки бо гуруҳҳои терористию экстремистӣ пайвастаанд, худ қобилияти хулосабарорӣ инчунин тасмим гирифтан, масъалаеро дар тарозуи ақл баркашиданро надоранд. Чунин ашхос, ки бо онҳо ҳамроҳ мегардад муддатҳо таълим гирифта ба ҳайвон мубадал гардида, дар рагу пайванди онҳо раҳму шафқат ба кулӣ нест мешавад. Аъзои ин гуруҳҳо на ба падару модар апаю хоҳар ва бародарон раҳме надорад.

Ёдрас бояд кард, ки ягон террорист ватан-имон надошта, баръакс инсоне ба ҳисоб меравад, ки барои ба даст овардани маблағи муфт бо воситаи фиреб намудани ашхоси ноогоҳ нақшаҳои нопокашро пиёда намояд.

Тоҷикистон низ пораи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, пайваста бар зиди чунин гуруҳҳои иртиҷоӣ муборизаи беамон мебарад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи бевоситаи худро ба соҳаи маориф ва илм равона намудаанд, ки насли наврасро таълиму тарбияи хуб дода, бо ин васила сади роҳи шомилшавии тамоми қишри ҷомеаро ба ин гуруҳҳои мамнуъ пешгирӣ намоем. Мисоли равшан ин сол ба сол зиёд шудани муассисаҳои таълимии нав, давра ба давра баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаи маориф ва илм, баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ аз қабили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ”Илм - фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон - ватани азизи ман”, “ Тоҷикон - дар оинаи таърихи миллат” мебошад, ки барои донишандӯзӣ, дарёфти ҷеҳраҳои соҳаи санъат, мутахассисони варзидаи соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани меҳри ватан дар дили наврасон заминагузор хоҳад шуд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯзҳо тамоми пешравиҳо, ки бевосита заҳматҳои Ҷаноби Олӣ мебошад, қадр намуда, фирефтаи ягон дасисагӯёни хориҷӣ намешаванд, баръакс паҳлу дар паҳлуи ҳам истода Ватани худро боз ҳам ободу зебо намуда, барои тараққиёту пешравии он саҳмгузор хоҳанд шуд.

Инчунин дасисапардозон, махсусан аъзои Гурўҳи 24, аъзо ва ҳаммаслакони собиқ ҲНИ махсусан Муҳамадиқболи Садриддин ҳамарўза бо суханони бофтаю дуруғинашон пайи туҳмати роҳбарону шахсони алоҳида мебошанд. Онҳо фикр мекунанд, ки мардум хом асту ба сафсатаҳои хоинони миллат, ки дар хириљи кишвар қарор доранд бовар карда луқмаи даҳони онҳо мешаванд. Албата ин тавр нест, зеро мардуми зањматкаши кишвар як маротиба рўзҳои шуме, ки аъзо ва ҳаммаслакони Ҳизби террористи-экстремистии наҳзат ба сари мардуми Тоҷикистон овардан ҳеҷ гоҳ фаромуш накардаанд. Мо модарон-сокинони кишвар, тамоми кушишу фаъолияти худро ба он равоне месозем, ки насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хизмат ба Тоҷикистон азиз равона намуда, ҳама Гурўҳҳои ифротиро, маҳкум ва бар зидди онҳо мубориза хоҳем бурд.

Самадова С. Р - узви ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳнамо”-и шаҳри Бохтар