НАЗОРАТ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар:  

Дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар аз тарафи кормандон ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар мунтазам аз рафти баргузории чорабиниҳои беруназсинфӣ ва ҳафтаҳои фаннӣ, рафту омади хонандагон, ашёҳои хониш ва сатҳу сифати дониш назорат карда мешавад.

Аз тарафи кормандон ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикситон дар бораи Маориф, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, аттестатсия аз синф ба синф гузаронидан ва иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ , рафтани хонандагон ба сайру гашт (кӯҳ), пешгирӣ аз оббозӣ дар дарёҳо баромад намуданд.

Корҳои бераназсинфӣ қисми таркибии ҷараёни таълимию тарбиявии муассисаи таълимӣ ба шумор рафта, дар ташаккули доираи маърифатнокии хонандагон, тарбияи ахлоқию маънавии онҳо, ташаккули салоҳиятҳои таълимгирандагон, такмили сатҳу сифати донишазхудкунӣ ва пешрафти шогирдон нақши муҳим дорад.

Вусъат бахшидани корҳо ин раванд дар муассисаҳои таълимӣ баҳри тарбияи ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, донишандӯзӣ, худогоҳию худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва ғайра заминаи устувор гузошта, дар самти касбинтихобкунӣ ва худтатбиқкунии мутахассисони оянда дар ҷомеа мусоидати бештар менамояд.

Роҷеъ ба раванди татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ташаккули салоҳиятҳои хонандагон дар раванди таълими фанҳо, нақш ва мавқеи чорабиниҳои беруназсинфӣ дар ташаккули маърифатию ахлоқии хонандагон ва сатҳу сифати донишандӯзии онҳо мусоидат менамояд.