ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕШАВАНД

Бохтар:  

Муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои раиси ҲХДТ, сарвари давлат, барои меҳнати пурмаҳсул дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин, ҷалби шаҳрвандон ба кишту кор ва истифодаи оқилонаву самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар назди муассисаҳо зироатҳои полезӣ корида шуд.

Аҳли маорифи шаҳри Бохтар дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти истифодаи заминҳои хоҷагӣ ва наздиҳавлигӣ сармашқи кори худ қарор дода, ҳар як ваҷаб заминҳои худро самаранок истифода мебаранд.