ҶАМЪБАСТИ 3 МОҲИ СОЛИ 2024 ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ИНТИҚОЛИ БАРҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН"

Бохтар:  

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, имрӯз 22 апрели соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Интиқоли барқи вилояти Хатлон” маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар 3 моҳи соли 2024 баргузор гардид.

Маҷлисро Холзода Давлатназар - раис ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Интиқоли барқи вилояти Хатлон" ифтитоҳ ва иштирокчиёнро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуда, оид ба фаъолияти 3 моҳаи ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2024 ҳисобот дод.

Ҳамин тариқ, дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ва нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Интиқоли барқи вилояти Хатлон” барои соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Баъдан, Давлатова Роҳила мудири бахши занон ва оилаи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар баромад намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳон избрози андеша карда, ҳозиринро ба ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти баланд доштан дар фаъолияти ҳизбӣ талқин намуд.