ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ВАСИЛАИ БАЛАНД БУРДАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ОНҲО

Бохтар: Андеша  

  Мақсади тарбияи ҳуқуқӣ ин руй овардан ба донишҳои ҳуқуқи ҷиҳати дарки волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои шахс ва дар байни шаҳрвандон кам кардани сатҳи қонуншиканиҳо иборат мебошад.

Риояи бечуну чарои қонун аз тарафи шаҳрвандон ин хостаи ҳар як давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Зеро маҳз ба ин васила волоияти қонун, робитаи давлат ва шахс, ҳукумрон будани қонун дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ зоҳир мегардад. Аз ин лиҳоз иҷрои қонунгузорӣ ва дарки масъулияти ҳамдигари давлат ва шаҳрвандон вобастагӣ ба сатҳи маърифати ҳуқуқӣ дорад.

Амалисозии меъёрҳои ҳуқуқӣ тавассути усулҳои гуногун ба роҳ монда мешавад, ки як қисми онҳо ба функсияи маҷбуркунии давлат вобастаги дорад. Аммо усули аз ҳама хубтар ва беҳтари амалисозии меъёри ҳуқуқ ин риоякунӣ мебошад. Бо мақсади ноил шудан ба ин, давлатро зарур аст, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро дуруст ба роҳ монад, то онҳо дарк намоянд, иҷрои қонун ба мафиати онҳо, ҷомеа ва давлат аст.

Тарбияи ҳуқуқӣ - фаъолияти мақсадноки мунтазами давлат, мақомотҳо ва хизматчиёни он, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҷамоаҳои меҳнатӣ барои ташаккул додан ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад. Таълими ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқӣ миёни худ дар ҳоли пайвастагӣ қарор доранд.

Бо ин мақсад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ бахшида ба 15 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд кард, ки «Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад».

Тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷиҳати баланд бурдани сатҳи шуури онҳо дар руҳияи риояи қонун зина ба зина сурат мегирад. Хишти аввалро дар ин раванд муҳити оила мегузорад. Чигунагии сатҳи тарбия дар оила пеш аз ҳама аз дараҷаи камолоти маънавии волидайн ва роҳу усулҳои тарбия дар оила вобастагӣ дорад.

Баъдтар ин ҷараён дар боғчаи кӯдакон ва ба дунболи он дар мактаби миёна идома пайдо мекунад. Воситаҳои ахбори омма низ бо назардошти минбари васеи таъсиррасониву иттилоотӣ ва омӯзишӣ – маърифатӣ доштани худ бояд мавзуъҳои ҳуқуқиро бештар инъикос кунанд. Бо ҷалби ҳуқуқшиносон ба ҳалли мушкилоти ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намоянд.

Тарбияи ҳуқуқӣ кори ҳамоҳанги тамоми сохторҳои дахлдори давлатӣ ва дигар бахшҳои ҷомеаро тақозо дорад. Чунин муқаррарот дар «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030» ҷой дода шудааст.

Мақсади асосии қабули ин барномаҳо аз риояи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ғайраҳо иборат мебошад.

Аз ин бар меояд, ки тарбияи ҳуқуқӣ фаъолияти мунтазам ва бе танаффус аз тарафи мақомотҳои давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, шаклҳо, воситаҳо ва усулҳои таълими ҳуқуқӣ ҳамчун механизми ташкилию методӣ амал мекунанд, ки тавассути он субъектҳои таълими ҳуқуқӣ ба шуури ҷамъиятӣ ва шахсият таъсир расонида, ба онҳо барои дарк намудани принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ мусоидат мекунанд.

Дар умум ҳадаф аз тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон-ин баланд бурдани тасаввуроти онҳо нисбат ба қонун ва риояи он аст. Маҳз ба ин васила мо метавонем, ҷомеаро ба дарки дурсти қонун, аз байн бурдани ниглизми ҳуқуқӣ, бовари ба қонун, пешгири қонуншиканиҳо ва ташкили ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ бо қонунҳо воқеи амалишаванда ба даст орем.

Шоев Алишер-ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фурӯғ".