ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тозаву озода намудани маҳал, аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳр ҳар панҷшанбе ва шанбе ҳашарҳои дастаҷамъона гузаронида мешавад.

Ин навбат аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Боғбунёд”, “Роҳсоз” "Ширкати хонаҳо" ба тоза кардани партовҳо, ҷӯюу обравҳо, роҳҳо машғул шуда, дарахтонро аз шохаҳои хушкшуда тоза намуданд.

Бояд гуфт, ки чунин ҳашарҳои дастаҷамъона ҳар ҳафта дар ҳудуди шаҳр гузаронида шуда, ба он сокинон ва тамоми сохтору муассисаҳо ҷалб мегарданд.