ТААССУБИ ДИНӢ ВА ИФРОТГАРОӢ ҲАМЧУН ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

Бохтар: Андеша  

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид месозанд, ки бояд таассуб ва хурофотро аз ҷомеа решакан кард, зеро ба ҷомеа хатари ҷиддӣ дорад. Масъалаи пешгирии занону ҷавонон ба падидаҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили таассуби динӣ ва ифротгароӣ, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон низ ҳамчун падидаи номатлуб ба мушоҳида мерасад, нигарониҳои таассуфовареро дар пай дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мулоқот бо фаълон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлкат, ки 9 марти соли 2024 баргузор гардид, такроран ба ин масъалаи доғи рӯз ишора карда таъкид намуданд. Бояд гуфт, ки бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст. Агар ба маънои луғавии калимаи таассуб назар афканем, баромади ин калима аз забони арабӣ буда, маънояш ҷонибдории ноогоҳонаю кӯркӯрона аз чизе, касе ё назарияву ақидае мебошад. Таассуб он аст, ки мо ин ё он масъаларо бедарку ногоҳона онро дар доираи фаҳмиш ва табъу хости дили худамон амалӣ мекунем. Боз таассуб гуфта, навъи якравие ҳам фаҳмида мешавад, ки дар хусуси масъалаҳои ба ақл мухолиф ва ба руҳи дин мувофиқатнакунанда ба миён гузошта мешавад. Инчунин, таассуб як шакли рафторест, ки тамоман бар асоси ҳиссу асабоният бино шуд, эҳсосест, ки аз ҷисмоният ва ҳайвоният ғизо гирифта, аз ботин ба берун зуҳур кардааст. Маҳз таассубу хурофот аст, ки ба пешрафти ҷомеаҳо халал мерасонад, чунончи мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, он ба амнияти ҷаҳону башарият ва сокинони сайёра хатари ҷиддӣ дорад. Мутаассифона, ҳоло ҳам бархе аз занону ҷавонони мо бинобар надоштани дониши мукаммали диниву дунявӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, зиракии сиёсӣ ва ҷаҳонбинии васеъ ба таассуб дода шуда, ба равияҳои гуногуни ифротӣ пайваст гаридида, ҷони ҷавони хешро дар роҳгумӣ қурбон месозанд. Насли ҷавон, ки ояндаи Ватан ва неруи пешбарандаи Ватани маҳбубамон мебошанд, бояд роҳи дурустро дар зиндагӣ интихоб намоянд ва барои ободу шукуфо кардани он талош намоянд. Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ки пайваста таъкид менамоянд: «Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем».

Ҳусайнов Довудҷон-раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Даво”.