АМАЛИ НЕК ВА ХАЙРХОҲОНА БАХШИДА БА ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ФИТР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарорасии Иди Саиди Фитр бо ташаббуси ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва дастгирии ташклотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба 30 оилаи ниёзманд, шахсони яккаву танҳо ва собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар ёрии яквақтаина расонида шуд.

Тазаккур бояд дод, ки чунин амали хайру савоб, рисолати инсонгарию ватандорӣ ба шумор меравад. Шаҳрвандон дар охир миннатдории худро пеш аз ҳама ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баён намуданд.