ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ШОМИЛШАВӢ БА ГУРӮҲҲОИ ИРТИҶОӢ ВА ЭҶОДИ ФАЗОИ ВАҲДАТМЕҲВАРӢ КОРИ ҲАМАГОНИСТ

Бохтар: Вокуниш  

  Аз таърихи башарият, то имрӯз нест давлат ё сохтори давлатдорие, ки аз он ҳама розӣ бошанд. Агар норозигии бархе нафарон ва гурӯҳҳои алоҳида ба хотири ободӣ ва пешрафти Ватан бошад, боке нест, лек афсус, ки амалу кирдори онҳо танҳо дар доираи манфиатҳои худашон ҳасту бас. Барои ин тоифа инсонҳо ва гурӯҳҳо ягон меъёр ва арзиши миллӣ, динӣ, давлатӣ вуҷуд надошта, онҳо мехоҳанд бо қонунҳои ҷангал ба сар баранд.

Дар ин маврид боиси таассуф ва нигаронӣ аст, ки баъзе аз ҷавонони ноогоҳ, дур аз аслу насли хеш, барои амалишавии орзуҳои ширини ҷавонии худ фирефтаи ваъда ва дурӯғҳои подарҳавои ин гуна афроди хиёнатпеша мешаванд ва ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Ин ҷавонон аз он бехабаранд, ки онҳо дар назди ин гуна гурӯҳҳои манфиатхоҳ барраи қурбонӣ ҳастанд ва дар дилхоҳ вақт ин тоифаи нобакор ба хотири ҳангомаю валвала ин гуна ҷавононро қурбонӣ карда, аҳли оила ва пайвандони онҳоро бо чашми тар мегузоранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали давлатдории хеш зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб аз ҷумла экстремизму терроризм, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука андохтааст, мубориза бурда истодааст.

Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд, ки “Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти тероризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи Интернет, мутаассифона аз ҷониби гуруҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад”.

Гурӯҳҳои ифротӣ аз паст будани сатҳи дониши динӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии гурӯҳҳои алоҳида истифода намуда, бо ин васила нақшаҳои ғаразноки худро дар амал татбиқ менамоянд. Тибқи таҳлилҳои коршиносону муҳаққиқон, гурӯҳҳои тундрав ва ҷараёнҳои экстримистию террористӣ дар амалӣ намудани нақшаҳои худ, пеш аз ҳама, ҷавононро мавриди ҳадаф қарор дода, ин қишри ҷомеаро ба гумроҳию ҷаҳолат раҳнамун месозанд. Чунки миёни ин гурӯҳ нафароне ҳастанд, ки аз ҷиҳати ирода, шуурнокӣ ва фаҳмиши масоили динӣ ва илмӣ ноустуворанд.

Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ташвиқоти терроризму экстремизм ва радикализми динӣ асосан тавассути сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар роҳу усули ҷалби ҷавонон сурат гирифта, аз номи ислом амалҳои террористӣ анҷом дода мешавад. Мутаассифона, амалҳои террористиву экстремистӣ дар бисёр ҳолатҳо аз номи дини мубини ислом амалӣ мекунанд.

Дӯстони ҷавони моро мебояд, ки ақли солими худро ба кор бурда, аз ин гуна гуруҳҳо дурӣ ҷӯянд. Волидони азизро лозим аст, ки дар роҳи тарбияи фарзандон саҳлангорӣ накарда, дар чунин ҳолатҳое, ки гурӯҳҳои тундрави манфиатхоҳ мехоҳанд ҷавонони сустирода ва заиф аз ҷиҳати ақлонӣ ва саводнокиро ба доми худ афтонанд ба таълиму тарбияи фарзандон даҳчанд рӯ оварда назорати доимиро ҳам дар фазои интернетӣ ва хона пурзӯр намоянд.

Зиёиён, равшанфикрон, омӯзгорон ва олимони моро лозим аст, ки баҳри пур кардани фазои холии иттилоотӣ камари ҳиммат бубанданд. Тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ вазифаи ҷонии ҳар фарди солимфикри ҷомеа мебошад.

Ҷовидон бод Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти комили Тоҷикистон!

Каримзода Муҳаммадҷон-аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Телевизиони Хатлон"