МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНДИ ВАТАНДӮСТ АСТ.

Бохтар: Вокуниш  

  Терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зўроварӣ расонидани зарари вазнини рўҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти Конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Терроризм ва эктремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад.

Имрўз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусиятӣ ҷаҳонӣ дошта пайдо кардааст. Ин вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор намондааст.

Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ, ҷинояти дорои хусусияти ҷаҳонӣ буда, мубориза зидди он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.

Имрӯз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмиллалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷӯӣ ва таассуби динӣ амалӣ мегардонад. Терроризм дар тамоми шаклҳо ва зоҳироташ маҳкум карда шуда, зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ баромад менамояд.

Эктремизм ин коста гардидани фикру ақида, ҷалб намудан ба ҳаргуна ҳаракатҳо, барангехтани кинаву адоват дар ҷомеа ва бо ин роҳ расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ мебошад.

Терроризм ва экстремизм ба ман­фиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди худ ва ҷаҳон ташкил дода­ни низоми ягона ва муосири мубори­за бар зидди терроризм ва эк­стремизмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм ин фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар рӯ ба рӯи ин хатари байналмиллалӣ тақазо менамояд.

Ҳамин тариқ, мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, вазифаи худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ менамояд. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи давлат инчунин вазифаи ҳар шахси ватандӯст мебошад.

Рухшонаи Шералӣ-раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Бахши ҷавонони шаҳр"