ОБОДИИ ШАҲР МАРОМИ ҲАР ЯКИ МОСТ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

   Дар заминаи иқдомҳои созандаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва дастуру супоришҳои Муминзод Абдулмаҷид, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар, узви Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ барои саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ, баҳри сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри азизамон корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда истодааст.

Имрӯз, дар назди бинои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Театр ба номи А. Муҳаммадҷонов" (Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов) аз ҷониби масъулини соҳа, аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, дарахтони сояафкану ороишиӣ ва гулҳои мавсими шинонида шуд.

Аз ҷумла 4 адад дарахти ороишии магнолӣ, 20 адад дарахти павлония ва 20 адад ниҳолҳои ҳамешасабзи туя, ҳамчунин зиёда аз 3 ҳазор дона гулҳои мавсими шинонида шуд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳри дилороямон идома дорад.