"САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН "

Бохтар: Созандагони ватан  
Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар зери унвони "Саҳми ман дар шаҳри ман " аксияи тозагӣ баргузор карда шуд.
Ин амал бо мақсади тозаю озода намудани гирду атрофи шаҳр бо ҷалби волонтёрони ҳизбӣ, ташкил ва гузаронида шуд. Волонтёрон дар кӯчаҳо тақсим гардида, як қатор корҳои тозагию ободониро ба анҷом расонида, гирду атрофи корхонаву муассисаҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, шафати роҳи асосӣ, гирду атрофи нуқтаҳои савдо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро аз партовҳо тоза намуданд.