ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо мақсади ободу сарсабз намудани ҳар як гӯшаи диёри азизамон имрӯзҳо дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Бохтар корҳои тозагию, ниҳолшинонӣ ва тоза намудани ҷӯю заҳбуру заҳкашҳо бо маром рафта истодааст.
Дар баргузори ҳашарҳои дастаҷамъона сокинони маҳаллаҳо бо як руҳияи баланди созандагӣ, ободкорӣ ва кабудизоркунии маҳалли зисти худ иштирок намуда, саҳми назарраси хешро дар ободонии маҳал гузоштанд.