БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ФУРӮҒ"

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

   Тибқи нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурӯғ” (Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав) бо мақсади беҳдошти фазои экологӣ ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ шанбегӣ гузаронида шуд.

   Дар шанбегӣ омӯзгорони факултетҳо ва кормандони ёрирасони донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, ба тозаю озода намудани синфхонаҳо, рубучини роҳравҳоро, нарм намудани бехи дарахтон, ба тартиб овардани майдонҳои варзишӣ ва тамиз кардани саҳни факултетҳои донишгоҳ машғул гардида, саҳми худро дар ин маъракаи муҳим гузоштанд.

Инчунин аз ҷониби иштирокчиёни ин ҳашар дар майдону гулгаштҳо корҳои нармкунии замин ва сабзкорӣ низ ба анҷом расонида шуд. Ин иқдом идомаи анъанаҳои наҷиби ниёгонамон бобати беҳдошти муҳити зист мебошад, зеро тоза нигоҳ доштани атроф, пайравӣ ва саҳмгузорӣ дар амали хайр аст.